Пайвандҳои дастрасӣ

Барои қочоқи пул ду нафарро дар Душанбе боздошт карданд


Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони гумруки Тоҷикистон Эркинҷон Ҳакимов -намояндаи ширкати ҳавоии Русия ва Комилҷон Алиев -мусофири ҳавопаймои парвози Душанбе-Санкт Петербургро боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакси Русия гузориш додааст.

Бино ба ин хабар, ин ду нафар ба эҳтимоли қочоқи пулҳои хориҷӣ боздошт шудаанд. Комилҷон Алиев бо кӯмаки Эркинҷон Ҳакимов хостааст 26 миллиону 394 рубли русӣ баробар бо 807 400 долларро бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Санкт Петербург барад.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, аз қаламрави Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷат танҳо то 10 ҳазор доллар баровардан мумкин аст. Бар зидди ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG