Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Севвумин вазири ҳукумати Туркия аз мақомаш истеъфо дод


Эрдуғон Барактар бо Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири хориҷаи Эрон (акс аз бойгонӣ)

Эрдуғон Барактар бо Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири хориҷаи Эрон (акс аз бойгонӣ)

Дар Туркия вазири севвуми ҳукумати ин кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Эрдуғон Байрактар истеъфои худро аз мақоми вазири муҳити зист ва узвият дар порламон эълон кард ва аз Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири кишвар низ хост, ки истеъфо диҳад.

Пештар аз ин Зафар Ҷаглаён вазири иқтисод ва Муаммар Гулер-вазири корҳои дохилаи Туркия рӯзи чаҳоршанбе аз мақоми худ истеъфо доданд. Ин дар ҳолест, ки расидагӣ ба ришвахории мақомоти болоии ҳукумат идома дорад ва ин ришвахорӣ суфуфи аъзои ҳукуматро рахна ва боварии сармоягузорони хориҷиро халалдор кардааст.

Солеҳхон писари Зафар Ҷаглаён аз ҷумлаи 24 нафарест, ки барои ҷиноятҳои силсилаӣ 17 декабр дар иртибот бо парвандаи бонки қарздиҳандаи давлатии Ҳалқбанк ё Халқбонк боздошт шуда буданд. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия мегӯяд, ин моҷароро аз хориҷ раҳнамоӣ мекунанд, то вазъро дар Туркия ба ҳам бизананд.

Туркия кишварест, ки дар давоми се давраи нахуствазири исломгаро ба пешрафтҳои иқтисодӣ даст ёфтааст, бо вуҷуди ин ки Эрдуғонро чун раҳбари худкома интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG