Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар назди калисои масеҳиён дар Бағдод таркиш рух дод


Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки рӯзи чаҳоршанбе дар назди калисои масеҳиён дар Бағдод-пойтахти Ироқ як мошини бамгузоришуда таркидааст. Ин таркиш замоне рух додааст, ки масеҳиён иди Милоди Масеҳро ҷашн мегирифтанд. Ҳодиса дар маҳаллаи Дура дар ҷануби Бағдод рух додааст ва дар он 12 нафар ба қатл расидаанд. 28 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз соли 2003 ба ин сӯ, аз оғози муноқишаҳои мазҳабӣ шумораи аҳолии масеҳӣ коҳиш ёфтааст. Бино ба ҳисобҳои тақрибӣ, шумораи онҳо аз соли 2003 то ба ҳол аз 1 то 1,5 миллион нафар камтар шудааст. Ҳоло тахмин мезананд, ки дар Ироқ 500 000 нафар масеҳиён ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG