Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба сӯи сафорати Амрико дар Кобул тирандозӣ кардаанд


Сафоратхонаи Амрико дар Кобул мегӯяд, ки бинои сафорат қабл аз дамидани субҳ мавриди тирандозии ғайримустақим қарор гирифтааст. Дар ин тирандозӣ касе аз амрикоиҳо осеб надидааст. Як мақоми расмии сафорат, ки нахост аз худ ном бибарад гуфт, ки ба сӯи сафорат ду бор тарандозии ғайримустақим сурат гирифтааст.

Аммо Толибон иддао кардаанд, ки онҳо рӯзи чаҳоршанбе чаҳор мушак партоб кардаанд ва ба бинои сафорат хисороти сангин ворид шудааст. Шӯришиён бо ин иддаои худ дар бораи ин ҳодиса ба муболиға роҳ додаанд.
XS
SM
MD
LG