Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахшҳои муҳими ҳамкориҳои Амрикову Русия дар соли 2014


Майкл Мак Фол
Майкл Мак Фол
Майкл Мак Фол-сафири Амрико дар Русия мегӯяд, ки бартарии ҳамкориҳои Амрико ва Русия дар соли 2014 Эрону Сурия ва Афғонистон мебошанд. Дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Коммерсант”-чопи Маскав Мак Фол гуфтааст, ки “дар мақоми аввал” Эрон қарор дорад ва ҳамкориҳои Амрикову Русия дар моҳҳои аввали соли нав дар ин самт нақши калидӣ хоҳад дошт, агар дар ҳали барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон пешрафт ба даст ояд.

Сафири Амрико гуфт, Барак Обама метавонад бо Владимир Путин моҳи март дар Ҳейг мулоқот кунад, агар Путин дар мулоқоти раҳбарон роҷеъ ба масоили ҳастаӣ ширкат ҷӯяд. Ба гуфтаи сафир, агар чунин нашавад, дар он сурат ду раиси ҷумҳур дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони Ҷӣ-8 дар Сочӣ бо ҳам дидор хоҳанд дошт.

Мак Фол ҳамчунин илова кард, ки масъалаҳои дифои зиддимушакӣ бахши дигари ҳамкориҳои муҳими Вашингтону Маскав хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG