Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров: Аз натиҷаҳои худ дар соли 2013 қаноатмандам


Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян ва Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров сӯҳбати ихтисосӣ анҷом доданд ва пас аз табрикот барои беҳтарин варзишгар эълон шуданаш, ибтидо пурсиданд, ки имсол барои ӯ чӣ гуна сол буд?

Дилшод Назаров: Ташаккур барои табрикот. Ман хеле хушҳолам, ки маро беҳтарин варзишгари Тоҷикистон эътироф карданд. Соли 2013 барои ман агар аз рӯи ҷадвали панҷимтиёзӣ баҳогузорӣ кунем, ман ба худ баҳои плюс чор мегузорам. Қариб ҳамаи он чизе, ки ба нақша гирифта будам, иҷро шуд. Ман бори дувум қаҳрамони Осиё шудам. Дар мусобиқоти бузурги байналмилалии Гран-при ғолиб гаштам. Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мақсад доштам, ки ҷоизадор шавам, вале ин ба ман муяссар нашуд. Ҷойи панҷумро гирифтам, ки ин натиҷа дар намуди мо натиҷаи баланд аст. Зеро онҳое, ки ба қатори даҳ нафар беҳтаринҳо дохил мешаванд, ба мусобиқоти бузургтарини байналмилалӣ даъват мешаванд. Бинобар ин ман аз натиҷаҳои ба даст овардаам дар соли 2013 қаноатмандам.



Озодӣ: Дарвоқеъ, Шумо соли 2013 рекорди нави инфиродӣ гузоштед.

Дилшод Назаров: Бале, ман имсол рекорди нави инфиродӣ гузоштам, ки он 80 метру 31 сантиметр мебошад. Дар мо мегӯянд, ки агар ту гурзро ба масофаи беш аз 80 метр ҳаво диҳӣ, ба қатори зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон дохил мешавӣ, ин натиҷаи гросмейстерӣ мебошад ва ман бисёр хушнудам, ки ба ин натиҷа ноил шудам.

Озодӣ: Дар бораи нақшаҳои худ дар Соли нави 2014 каме иттилоъ бидиҳед.

Дилшод Назаров: Дар соли 2014 ман ду мусобиқаи асосӣ дорам. Якумаш ин Ҷоми ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 13-ум-14-уми сентябр дар Марокаш баргузор мешавад. Мусобиқаи дувум ин Бозиҳои осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки дар чор сол як маротиба барпо мегардад. Ба ҷуз ин ду мусобиқа, ман соли оянда дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ, минҷумла силсилаи Гран-при ширкат меварзам.

Озодӣ: Дилшод Шумо, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ҳастед ва имсол дубора ба ин вазифа интихоб шудед. Соли 2013 барои Федератсияи миллӣ чӣ гуна сол буд?

Дилшод Назаров: Соли ҷорӣ барои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон соли бад набуд. Гурзандози ҷавони мо Зоир Шералиев дар Бозиҳои осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин медали нуқра ба даст овард. Инчунин бархе аз варзишгарони навраси мо дар мусобиқоти мухталиф натиҷаҳои хуб нишон доданд, ки ин моро хурсанд мекунад ва мо дар оянда аз онҳо умедҳои калон дорем.

Озодӣ: Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик мегӯм. Таманниёти Шумо ба шунавандагону бинандагони мо дар Соли нави 2014.

Дилшод Назаров: Мехоҳам ба ҳамаи тоҷикистониён, бахусус, ба варзишгарон, дар соли нави 2014 хушбахтиву мувафақият орзу кунам ва бигузор ҳамаи мақсаду хоҳиши онҳо амалӣ шаванд.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат.


ҲОЛНОМАИ ДИЛШОД НАЗАРОВ

Варзиши сабук, гурзандозӣ.
6-уми майи соли 1982 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Оиладор. Соҳиби ду фарзанд. Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон.
Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003).
Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003).
Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).
Ҷойҳои 2-юм дар чемпионатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007).
Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009, Ҳиндустон, 2013).
Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010).
Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008), Лондон (2012).
Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013).
Рекорди инфиродӣ: 80 метру 31 сантиметр (2013).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG