Пайвандҳои дастрасӣ

Мувофиқакунонии имомхатибон бо мазҳаби ҳанафӣ


Комиссияи вижаи Кумитаи дини Тоҷикистон иборат аз намояндагони Шӯрои уламо ва масъулони шуъбаҳои дин дар навоҳии кишвар, мувофиқакунонии имомахатибон бо мазҳаби ҳанафиро оғоз кардаанд. Мавлон Мухторов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр бо тадсиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, «мувофиқакунонӣ» ин имтиҳон ё санҷиш нест. Манзур аз он, сатҳи огоҳии имомахатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта аз равияю ақоиди мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Мавлонов, «модоме, ки имомхатибҳо дар масҷид масъул ҳастанд, бояд аз мазҳаби ҳанафӣ, ки мазҳаби аслии мардуми Тоҷикистон аст, огоҳии комил дошта бошанд ва тавонанд ба суолҳои мардум посухи комил диҳанд.» Ин дар ҳолест, ки комиссияи махсуси Кумитаи дини Тоҷикистон дар доираи мувофиқакунонӣ 90 имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи вилояти Хатлонро санҷиш карданд, ки дар миёни онҳо танҳо як нафар ноком шудааст. Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мувофиқакунонии имомхатибҳо дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо ва навоҳии кишвар аз ҷониби комиссияи махсус идома дорад.
XS
SM
MD
LG