Пайвандҳои дастрасӣ

Русия иттиҳомоти як узви Гринписро лағв кард


Созмони байналмилалии Гринпис мегӯяд, мақомоти Русия иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи яке аз 30 нафар аз фаъолони зистмуҳитиро лағв кардаанд, ки зимни эътироз алайҳи истихроҷи нафт дар Арктика боздошт шуданд. Маъмурони интизомии Русия аъзои ин созмони тарафдори покизагии муҳити зистро моҳи сентябр бо киштии яхшикани «Тулӯъи Арктика» дар Баҳри Барентс дастгир карданд. Онҳо ба нишони эътироз ба як манораи нафткаши Газпром дар ин баҳр баромада буданд. Созмони Гринпис мегӯяд, бар асоси қонуни авф дар Русия интизор дорад, парвандаи 29 узви дигари созмон баста хоҳад шуд. Тамоми ин афродро, ки баъзеашон шаҳрвандони Русия ва бақия шаҳрвандони 15 кишвари дигаранд, моҳи гузашта дар ивази васиқа аз боздошт раҳо карданд. Мақомоти интизомии Русия аввал онҳоро ба «роҳзанӣ», вале сипас ба «авбошӣ» муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG