Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни «ҳуҷраҳои резинӣ»-ро имзо кард


Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи «ҳуҷраҳои резинӣ»-ро имзо кард, ки тибқи он, мақомоти зидахли ин кишвар назорати муҳоҷирони корӣ дар мавриди шароити иқомат дар қаламрави Русия сангинтар хоҳанд кард. Тавре расонаҳои Русия менависанд, дар ин қонун аз ҷумла дар мавриди «қайди қалбакӣ»-и шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия махсусан зикр шудааст, ки дар сурати ошкор шудани нақзи қонун дар хусуси қайди қалбакӣ, нафари гунаҳкор аз 100 то 500 ҳазор рубл ҷарима баста шуда ё ин, ки се сол ба кори маҷбурӣ ҷалб карда хоҳад шуд ва ё бо ҳамин муддат аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Қонунгузории Русия дар шарҳи «қайди қалбакӣ" мегӯяд, ки он дар сурате зоҳир мешавад, ки агар барои ба қайд гузоштан, нафаре бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сабт шуда бошад.

Мақомоти муҳоҷирати кории Тоҷикистон мегӯянд, ки қабули ин гуна қонунҳо дар бораи муҳоҷират бар асоси манфиатҳои миллӣ ва амниятии кишвари қабулкунанда сурат гирифта, дар айни замон низоми будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия шадидтар ва мушкили онҳоро бештар мекунад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати кории Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвар бояд аз ин гуна қонунгузориҳо ҳамаҷониба огоҳ бошанд ва дар сабти ному дарёфти иҷозаи кор назокатҳои қонуниро риоя кунанд.
XS
SM
MD
LG