Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихвонулмуслиминро созмони террористӣ эълон карданд


Ҳозим Беблавӣ, нахуствазири Миср, созмони Ихвонулмуслиминро созмони “террористӣ” эълон кард. Қарори мазкур баъди чанд соат аз он эълон шуд, ки як мошини бомбгузоришуда дар наздикии идораи пулис дар шаҳри Мансура воқеъ дар шимоли Қоҳира таркида, дасти кам 14 нафарро кушт ва 100 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Бар асари таркиш бинои идораи пулис фӯру рафт. Аммо созмони Ихвонулмуслимин бо нашри баёнияе, бомбгузории рӯзи сешанберо “қотеъона” маҳкум кард. Сухангӯи нахуствазири Миср, ҳамларо кори дасти созмони Ихвонулмуслимин хонд. Рӯзе пештар аз ин гурӯҳи тундраве бо номи Ансор Байт ал-Мақдис, нерӯҳои амниятии Миср барои фармонбадорӣ ба ҳукумати дунявии кишвар “кофир” номид. Ин созмон баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дар моҳи июл ба саҳна омад ва бисёре аз ҳамлаҳо ба маъмурони амниятиро кори дасти ин гурӯҳ медонанд.
XS
SM
MD
LG