Пайвандҳои дастрасӣ

Атамбоев фурӯши "Қирғизгаз" ба "Газпром"-и Русияро имзо кард


Алмазбек Атамбоев

Алмазбек Атамбоев

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон қонунеро дар бораи қарордоди гази табиии миёни Бишкеку Маскав имзо кард. Бар асоси ин қарордод “Газпром”-и Русия “Қирғизгаз”-ро ба як доллар мехарад ва дар зербанои гази табиии ин кишвар 655 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Субҳи рӯзи душанбе порламони Арманистон низ баъд аз эътирозҳои мухолифон чунин қарордодро бо Русия ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарордод “Газпром” 20 дарсади боқимондаи гази Арманистонро соҳибӣ хоҳад кард. То ҳол “Газпром” 80 дарсади саҳмияҳои АрмРосгазпромро дар ихтиёр дошт.

“Газпром” ҳамчунин то соли 2043 содироти гази табиии Арманистонро контрол мекунад. Қирғизистон ва Арманистон ҳар ду мехоҳанд ба Иттиҳодияи Гумрукии зери назари Русия дохил шаванд.

Маскав мегӯяд, ки то соли 2015 Иттиҳодияи Гумрукӣ тавсеа хоҳад ёфт ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ном хоҳад гирифт ва ба Иттиҳодияи Аврупо монанд хоҳад буд. Ҳоло дар Иттиҳодияи Гумрукӣ Русияву Беларусия ва Қазоқистон узвият доранд.
XS
SM
MD
LG