Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраҳои бозомӯзӣ аз рӯи барномаи «Зан ва варзиш»


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи барномаи ҳамраъйии олимпӣ «Зан ва варзиш» давраи бозомӯзии бонувони варзишгар баргузор шуд.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “Давраҳои бозомӯзӣ мувофиқи барномаи ҳамраъйии олимпӣ “Зан ва варзиш” бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии кишвар, Ассотсиатсияи бонувони варзишгари Тоҷикистон ва кӯмаки молии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир шуд. Ҳадаф аз баргузории давраҳои бозомӯзӣ тарғибу ташвиқи варзиш миёни занону духтарон ва ба машғулиятҳои тарбияти бадан ҳарчи бештар ҷалб кардани онҳо мебошад. Дар машғулиятҳо беҳтарин варзишгардухтарони вилояти Хатлон ширкат доштанд. Маърӯзаҳои олимони соҳаи варзиш - раиси Ассотсиатсияи бонувони варзишгар, муовини раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Дилором Каримова дар бораи фаъолияти бонувон дар соҳаи варзиш ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Мунаввара Саидова оид ба ширкати варзишгарзанон дар Бозиҳои олимпӣ ба шунавандагон пешкаш шуданд. Инчунин дар ҷараёни машғулиятҳо варзишгардухтарон ба суолҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд. Чунин давраҳои бозомӯзӣ моҳи ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуда буд. Баргузории семинари “Зан ва варзиш” рӯзи 28-уми декабр дар шаҳри Турсунзода дар назар аст.”

Ҷаноби Раҷабалиев таъкид намуд, ки баъди дастоварди бузурги муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон теъдоди бонувони варзишгар дар кишвар афзудааст.

Имсол бархе аз онҳо дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд мушарраф шуданд. Чунончи, Зӯҳро Холова дар чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кг ва Меҳрангез Алиева дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон бо медалҳои нуқра ва Гуландом Қаробоева дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар сабқати занон оид ба гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

“Вале ҳадафи аслии бонувони варзишгари тоҷик ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия мебошад”, - гуфт Баҳрулло Раҷабалиев.
XS
SM
MD
LG