Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алёхина ва Толоконникова бар асоси афв аз зиндон раҳо шуданд


Надежда ва Мария (акс аз бойгонӣ)

Надежда ва Мария (акс аз бойгонӣ)

Мария Алёхина ва Надежда Толоконникова-ҳунармандони гурӯҳи Пусси Райоти Русия бар асоси афв аз зиндон раҳо шуданд. Алёхина аз зиндоне дар Нижний Новгород раҳо шуд. Пётр Заикин-вакили мудофеи вай гуфт, ки шояд Алёхина муддате дар Нижний Новгород бимонад, зеро вай баъзе мулоқотҳо ба нақша гирифтааст ва мулоқот бо Кумитаи зидди шиканҷа яке аз онҳост.

Ҳафтаи гузашта Думаи Давлатии Русия тасмим гирифт, ки Алёхина ва Толоконникова афв ва аз зиндон раҳо шаванд. Қабл аз афви кунунӣ қарор буд, ки ин ду ҳунарманд моҳи март баъд аз ду соли ҳабс аз зиндон раҳо шаванд. Онҳо барои “авбошӣ” дар калисои Ортодокси Маскав муттаҳам дониста шуда буданд.

Надежда Толоконникова аз шифохонаи шаҳри Красноярск раҳо шуд. Вай дар бемористони ин шаҳр муолиҷа мегирифт. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон даъват кард, ки Бозиҳои зимистонаи Олимпии Сочиро бойкот кунанд. Толоконникова бо чунин даъват мехоҳад таваҷҷуҳи ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба нақзи ҳуқуқ дар Русия ҷалб кунад.
XS
SM
MD
LG