Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Афғонистон сарбози НАТО кушта шуд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ки як низомии онҳо дар ҳамлае дар шарқи ин кишвар кушта шудааст. Дар эъломияе, ки нируҳои НАТО рӯзи душанбе нашр карданд, омадааст, ки як сарбози онҳо дар тирандозии мустақими нируҳои душман кушта шудааст.

НАТО дар бораи ин ҳодиса тавзеҳот надодааст ва ҳамчунин нагуфтааст, ки ин сарбоз аз кадом кишвар аст. Бо куштори ин сарбоз акнун шумораи низомиёни кушташудаи НАТО дар Афғонистон дар моҳи ҷорӣ ба 8 нафар расидааст. Ҳафтаи гузашта як чархболи амрикоӣ дар вилояти Зобул суқут кард ва дар ин ҳодиса 6 сарбози амрикоӣ ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG