Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози паноҳҷӯёни афғон дар Белгия барои ҳақи иқомат


Бино ба гузоришҳо, шумораи зиёди паноҳҷӯёни афғон ва ҷонибдорони онҳо дар дар шаҳраки Монзи Белгия ба эътироз баромадаанд. Онҳо талаб мекунанд, ки бояд бо Элио Ди Рупо-нахуствазири кишвар мулоқот ва ба вай фишор оранд, то мӯҳлати дарёфти ҳақи иқомат ба паноҳҷӯёнро суръат бахшад. Онҳо иддао мекунанд, ки бозгашташон ба Афғонистон хатарнок аст, зеро дар кишварашон ҷанг идома дорад.

Бино ба гузоришҳо, эътирозкунандагон тақрибан 70 километр роҳро то Монз пиёда тай кардаанд, то нахуствазирро бубинанд. Монз ҳамчунин шаҳрдори Монз низ мебошад. Ди Рупо ба хориҷ сафар карда буд ва интизор намерафт, ки то рӯзи душанбе баргардад. Ба ин сабаб паноҳҷӯёни афғон дар он ҷо дар интизори вай шаҳраки хаймаӣ дуруст кардаанд.
XS
SM
MD
LG