Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз амалиёти бештар дар Судони Ҷанубӣ ҳушдор дод


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрко ҳушдор дод, ки барои дифоъ аз шаҳрвандони Арико дар Судони Ҷанубӣ шояд амалиёти бештари низомӣ зарур аст. Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо аз ташдиди ҷанги шаҳрвандӣ бештар мешавад.

Дар номе ба Конгресси Амрико Обама дар бораи 46 нафар низомиёни Амрико навиштааст, ки бояд барои хуруҷи амрикоиҳо аз Судон кӯмак кунанд. 45 нафар низомии дигари Амрико дар Ҷуба мустақар шудаанд, то амнияти сафорати Амрикоро дар пойтахти ин кишвар таъмин намоянд.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки 680 нафар амрикоиҳо ва шаҳрвандони дигари хориҷиро аз манотиқи ҷанг берун овардааст. Низомиёни Амрико гуфтаанд, ки ҳангоми иҷрои ин вазифа 4 низомии Амрико захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG