Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъолияти шаҳрдори Тифлисро мамнуъ эълон карданд


Гигӣ Угулава

Гигӣ Угулава

Додгоҳи Гурҷистон фаъолияти Гигӣ Угулаваро дар мақоми шаҳрдори Тифлис мамнуъ эълон кард. Угулава рӯзи якшанбе ин тасмимро дорои ангезаи сиёсӣ хонд ва гуфт, ки барои бозгашт ба мақоми пешини худ мубориза мекунад.

Вакили мудофеи Угулава гуфт, ки онҳо бар зидди ин тасмими додгоҳи шаҳрӣ ба додгоҳҳои болоӣ шикоят мебаранд. Угулава аз ёрони Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон мебошад ва барои суистифода аз сармояҳои шаҳрдорӣ муттаҳам дониста мешавад.

Баъд аз бохти ҳизби Саакашвилӣ дар интихоботи порламонии моҳи октябри соли 2012 бар зидди бисёре аз ҳампаймонҳои вай парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG