Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Туркия аз Покистон боздид мекунад


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия барои як бозиди корӣ дар Покистон қарор дорад. Вай густариши ҳамкориҳо дар бахши энержиро бо мақомоти раҳбарии ин кишвар баррасӣ мекунад.

Ҷониби Покистон пешниҳод кардааст, ки як ниругоҳи барқи ҳароратӣ бо ангишт сохта шавад ва Туркия сохтмони онро сармоягузорӣ кунад. Ҷонибҳо дар ин бора музокира ва қарордод имзо мекунанд.

Ердуғон дар ин боздид ҳайати вазирон ва соҳибкорону пешаваронро сарпарастӣ мекунад. Ахиран Навоз Шариф-нахустввазири Покистон эълон кард, ки барои ширкатҳои туркӣ, ки дар ин ниругоҳ сармоягузорӣ мекунанд, имтиёзҳо дода мешавад ва онҳо аз баъзе андозҳо озод хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG