Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Боку


Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Боку бояд аз сар гирифта шаванд. Ин мавзӯъ дар вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми декабр баррасӣ шудааст.
Аббосалӣ Ҳасанов, сафири Озарбойҷон дар ин вохӯрӣ номаи вазири корҳои хоиҷии Озарбойҷонро ба Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дода, ӯро барои сафари корӣ ба ин кишвар даъват кардааст. Гардиши молу коло миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2012 ба 44 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG