Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дини Тоҷикистон 21 масҷиди навро сабти ном кард


Кумитаи дини Тоҷикистон ахиран ба 21 масҷиди нави панҷвақта шаҳодатнома барои фаъолият додааст. Мавлон Мухторов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт аз ин «15 масҷиди нави панҷвақта дар пойтахт ба фаъолият шуруъ кард, ки бо баргузории маросими тақдими шаҳодатнома онҳо ҳуқуқи фаъолият карданро пайдо карданд.»

Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон ду масҷиди дигари панҷвақта дар минтақаи Рашт ва 4 масҷиди дигари панҷвақта дар вилояти Хатлон соҳиби шаҳодатнома шудаанд.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини кишвар ҳангоми тақдими шаҳодатнома ба имомхатибон аз онҳо тақозо кардааст, ки «масҷид ҳамчун макони муқаддас, холӣ аз ҳаргуна ҳаракатҳои ифротию хориҷӣ бошад».

Дар назар аст шурӯъ вз соли 2014 ба имомхатибони масҷидҳо аз буҷаи давлат маош муайян карда шавад.
XS
SM
MD
LG