Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бисту панҷ афсари туркро аз мақомҳояшон гирифтанд


Бино ба гузориши расонаҳои туркӣ, мақомоти расмӣ 25 нафар аз сардорони воҳидҳои дигари пулисро дар робита ба боз кардани парвандаи ришвахорӣ алайҳи баъзе аз аъзои ҳукумат аз кор рондаанд. Бар асоси ин парванда, 24 нафар аз ҷумла фарзандони ду вазир ва мудири “Халқбанк” як бонки давлатии Туркия боздошт шуданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ин ифтитоҳи парвандаҳоро “амалиёти ифлосе” алайҳи ҳукуматаш хонда ва гуфтааст, ки ихроҷи онҳоеро, таҳқиқро оғоз карданд идома хоҳад дод. Баъди ифтитоҳи ин парванда дар Туркия 70 афсари пулис, аз ҷумла сардори раёсати пулиси Истанбулро аз кор гирифтанд ва баъзеашонро ба мақоми пасттар таъйин карданд. Оғози таҳқиқро нишондиҳандаи ҷудоии амиқ дар байни Эрдуғон ва шарики собиқи ӯ Фатҳулло Гулен медонанд, ки ҳизби Хизмати ӯ дар байни маъмурони пулис, додрасҳо ва хадамоти амнияти Туркия нуфузи зиёд дорад.
XS
SM
MD
LG