Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти НАТО ва Афғонистон шурӯъ шуд


Мақомоти НАТО ва Афғонистон музокирот дар бораи чигунагии ҳузури нерӯҳои ин паймон пас аз соли 2014-ро шурӯъ карданд. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО дар як баёнияи катбӣ гуфт, музокирот байни Мауритс Ёхемс, намояндаи НАТО ва Рангин Спанто, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Афғонистон рӯзи шанбе оғоз ёфтааст. Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон дар ин бора гуфт: “Нақши созмони НАТО дар Афғонистон пас аз соли 2014 ҳеҷ ҷанбаи муҳорибавӣ нахоҳад дошт, дар се бахши умда мутамаркиз хоҳад буд, таҷҳиз омӯзиш ва кӯмак ба қувваҳои амнияти миллии Афғонистон.”
Айни замон Андерс Фог Расмуссен гуфтааст, ки то замоне, ки созишномаи амниятӣ миёни Афғонистону Амрико имзо нашавад, НАТО ҳам созишнома бо Афғонистонро имзо намекунад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, созишномаи амниятӣ бо Амрикоро, ки шароити ҳузури сарбозони кишвар баъди соли 2014-ро муайян мекунад, пас аз интихоботи соли оянда имзо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG