Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сад ҳазор доллар ҷарима барои нақзи қонуни танзим


Мақомоти Тоҷикистон тайи 9 моҳи гузашта аз онҳое, ки бар хилофи қонуни баҳсбарангез дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, маросимҳои бошукӯҳ баргузор кардаанд, бештар аз 100 ҳазор доллар ҷарима ситонидаанд. Бино ба омори расмӣ, мақомоти интизомӣ дар ин муддат барои беэътиноӣ ба ин қонун 224 парвандаи маъмурӣ боз кардаанд ва соҳибони чунин ҷашнҳоро 576 ҳазору 760 сомонӣ ҷарима бастаанд. Азизулло Мирзоев, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кумитаи дин, дар сӯҳбате бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳори нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди гузашти 6 сол аз қабули қонун иддае аз шаҳрвандони кишвар, бинобар таасуб ва одатҳои қадима, ҳамчунон ҷашну маросимҳое баргузор мекунанд, ки бар асоси ин санад мамнӯъ аст. Отамурод Бекмуродов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, зимни гуфтугӯ бо “Ҷумҳурият” намуна овардааст, ки ҳанӯз ҳам маросимҳои манъшудаи фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, чойгаштак, қудоталбон аз байн нарафтааст. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 Қонун дар бораи танзими анъана ва расму ойинро қабул кард, ки ҷомеаи маданӣ дар кишвар онҳо дахолат ба зиндагии хусусӣ хонда ва гуфтанд, ки ин қонунро худи мақомоти баландпоя риоят намекунанд.
XS
SM
MD
LG