Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский мегӯяд, ба сиёсат намеравад


Михаил Ходорковский, миллиардери собиқи рус, ки аз зиндон раҳо шуд, дар як мусоҳибае гуфтааст, ки вориди саҳнаи сиёсат намешавад ва барои амволи ширкати муфлисшудааш ҳам даъво намекунад. Ходорковский дар мусоҳиба бо маҷаллаи русии “The New Times," ки рӯзи якшанбе нашр шуд, гуфтааст, барои авф раҳоияш ҳеҷ шарте нагузошта буданд, аммо ӯ дар номааш ба Владимир Путин гуфтааст, “Ман нияти рафтан ба сиёсатро надорад ва барои бозгардонидани амволам ҳам мубориза нахоҳам бурд.” Михаил Ходорковский рӯзи шанбе дар шаҳри Берлин ба хонаводааш пайваст ва қарор аст, имрӯз нишасти хабарие баргузор кунад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ӯро рӯзи ҷумъа баъди адои даҳ соли зиндон афв кард ва Ходорковский ҳамон рӯз ба Олмон рафт. Миллиардери собиқи рус ва аз мунтақидони ҳукумати Русияро ба дуздӣ, тақаллуби молӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт гунаҳкор дониста ба зиндон маҳкум карданд, аммо тарафдоронаш мегӯянд, ки иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дошт.
XS
SM
MD
LG