Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот бо Эрон пешрафти андак доштааст


Як музокиракунандаи ҳастаии Эрон мегӯяд, музокироти фаннӣ миёни кишвараш бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи иҷрои созиши муқаддамотии атомӣ пешрафти андаке доштааст. Аббос Арақчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон ба ИРНА, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, ки “музокирот пешрафти андак доштааст ва аз ин рӯ қарор аст, рӯзи якшанбе ҳам идома кунад.” Дар ин гуфтӯгуҳо, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Женева дар Швейтсария оғоз ёфт, худи Аббос Арақчӣ ҳузур надорад. Бар асоси созише, ки рӯзи 24 ноябр миёни Эрону гурӯҳи 5+1 ҳосил шуд, Эрон дар ивази сабуктар кардани таҳримоти иқтисодӣ дар тӯли 6 моҳ, баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро бозмедорад. Дар ин марҳилаи нимсола, ки ҳоло шурӯъ нашудааст, қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон бояд ба созиши дарозмуддат барои ҳалли бӯҳрони атомии Эрон даст ёбанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG