Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама ба Судони Ҷанубӣ ҳушдор дод


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба мақомҳои Судони Ҷанубӣ ҳушдор дод, ки дар сурати талош барои табаддулоти давлатӣ, аз ҳимояти Амрико ва ҷомеаи байналмилал маҳрум хоҳанд шуд. Баёнияи Барак Обама дар ин бора баъди он нашр шуд, ки чаҳор сарбози амрикоӣ бар асари зимни ҳамла ба ҳавопаймояшон маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли шаҳрвандони Амрико ба Судони Ҷанубӣ рафта буд. Барак Обама ҳамчунин аз раҳбарони Судони Ҷанубӣ хост, то дар муҳофизати шаҳрвандони амрикоӣ дар пойтахт шаҳри Ҷуба ва шаҳри Бор кӯмак кунанд. Артиши Амрико мегӯяд, се ҳавопаймоҳи Оспри ҳангоми парвоз бар фарози шаҳри Бор, ки дар дасти шӯришиён аст, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Маълум нест, ба ҳавопаймоҳо кӣ оташ кушодааст. Баъди ба даст овардани истиқлол дар ду соли пеш, дар Судони Ҷанубӣ муноқишаҳои қавмӣ авҷ гирифт.
XS
SM
MD
LG