Пайвандҳои дастрасӣ

Донишманди тоҷик мегӯяд, аз нав шумурдани қурбониён барои аён кардани ҳақиқат ва роҳ надодан ба такрори бадбахтӣ дар Тоҷикистон лозим аст.

Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва узви ҳайати музокиракунандаи сулҳи миёни тоҷикон пешниҳод дорад, ки теъдоди қурбониёни ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар кишвар аз нав ҳисоб карда шавад.

Донишманди тоҷик, рӯзи 21 декабр дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе, бо ишора ба оморҳои гуногун дар бораи қурбониёни ҷанги панҷсолаи тоҷикон гуфт, оморҳое, ки нашр мешавад, аз воқеият дуранд, зеро онҳоеро ҳам қурбонии ҷанг гуфтаанд, ки бо марги табиӣ фавтидаанд:
«Мо бояд дар ҳамаи он минтақаҳое, ки ҷанг шуд, як феҳристи ном ба ном тартиб диҳем, ки ин чиз барои пешгири кардани бадбахтии оянда ва гуфтани ҳақиқат зарур аст. Зеро касе намедонад, ки чи теъдод шаҳрванд, бо тарафдорӣ аз кадом ҷониб қурбон шуд».

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷанги харобиовард, ки аз соли 1992 то соли 1997 дар кишвар идома кард, бештар аз 50 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар омори расонаҳо аз 100 то 150 ҳазор нафар низ дида мешавад. Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ин маҳфил дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон сӯҳбат мекард гуфт, овардани омори дақиқ дар бораи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ мушкил аст, зеро омӯзишу таҳқиқоте дар ин росто суръат нагирифтааст.

Муҳаммадалӣ Ҳайит гуфт, ҳарчанд теъдоди қурбониёни ҷанг дақиқ нест, аммо то имруз дар Тоҷикисон 42 қабри дастаҷамъӣ маҳфуз аст, ки он аз шаҳри Турсунзода марзи Узбакистон шуруъ шуда то ба минтақаи Ромиту Қаротегин мерасад:«Дар ин ҷо, ҳам кушторҳои Фронти халқӣ ва ҳам кушторҳои қавмӣ ҳастанд. Вале дар мавриди теъдоди қурбониёни ҷанг дар Тоҷикистон омӯзиш нашудааст ва имкони таҳқиқи онро надоштем, зеро ин кор маблағ ва кӯшиши зиёд мехоҳад».

Иброҳим Усмонов, узви ҳайати музокиракунандаи сулҳи миёни тоҷикон ҳадаф аз дақиқ кардани теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро пос доштани хотираи онҳо арзёбӣ мекунад. Пешниҳод барои дақиқ кардани талафот дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бо гузаштаи тақрибан 20 сол аз ин ҳодисаҳо ҳанӯз ҳам модарону занонеро дидан мумкин аст, ки нишоне аз барои ҳамсарону пайвандони нопадидшудаашон меҷӯянд. Ҷанги вайронгари шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1997 баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27 июни соли 1997 миёни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифон дар шаҳри Маскав поён ёфт.

Ҷанги 5 сола дар Тоҷикистон ҷони даҳҳо ҳазор нафарро гирифт, тақрибан 1 миллион нафарро бехонумон кард. Бино ба оморҳо, дар ин 5 сол 25 000 зан аз шавҳар маҳрум шуда ва 53 000 кӯдак ятим монданд. Дар маҷмӯъ беш аз 35 000 манзилу корхона дар ин ҷанг сӯхт ва ё вайрон шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ ба иқтисоди кишвар 10 миллиард доллар зиён овард ва кишварро даҳсолаҳо ба ақиб андохт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG