Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский нишасти хабарӣ баргузор мекунад


Михаил Ходорковский, як замон сарватмандтарин фарди Русия, ки аз ин зиндон раҳо шуд, қасд дорад, рӯзи якшанбе дар нишасти хабарие дар шаҳри Берлин доир ба нақшаҳои ояндааш сӯҳбат кунад. Дар ин бора Павел писари ӯ дар шаҳри Берлин хабар дод:
Ӯ рӯзи якшанбе дар Осорхонаи Девори Берлин дар наздикии гузаргоҳи Чарли соати як нишасти хабарӣ баргузор мекунад. Нишаст боз аст ва ҳар кас метавонад, омада ва суолашро аз худаш бипурсад.
Павел, ки аз Ню Йорк ба Берлин омад, субҳи шанбе ба падараш пайваст ва қарор аст ба зудӣ волидони Ходорковский аз Маскав ба дидани ӯ ба Берлин бираванд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа Ходорковский афв кард ва ӯро баъди ин аз зиндон раҳо карданд. Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико аз ин иқдоми Русия истиқбол кард. Михаил Ходорковский, раиси ширкати нафтии муфлисшудаи Юкос аз мунтақидони ҳукумати Русия, 10 сол пеш бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG