Пайвандҳои дастрасӣ

Ба домоди Бин Лодан иттиҳомоти нав эълон карданд


Додситонҳои Амрико домоди Усома бин Лоданро ба ду ҷинояти дигар муттаҳам кардаанд. Рӯзи ҷумъа дар додгоҳи Манҳеттен дар шаҳри Ню Йорк додситонҳо гуфтанд, Сулаймон Абуғайс бо ҳадафи куштани амрикоиҳо, дар ихтиёри террористон кӯмакҳои модӣ гузошта ва қасд доштааст, ки ин корашро идома бидиҳад. Ба гуфтаи додситонҳои Амрико, Сулаймон Абуғайс, сухангӯи собиқи созмони Ал-Қоида, чанд моҳ баъд аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба Амрико дар як суханронӣ ин ҳамлаҳоро ситоиш карда ва гуфтааст, ки ҳамлаҳои бештар алайҳи амрикоиҳо ва яҳудиён барномарезӣ шудааст. Сулаймон Абуғайс, ки то кунун ба талош барои куштани амрикоиҳо муттаҳам шудааст, худро бегуноҳ хондааст. Ӯро ҳамин сол мақомоти Урдӯн ба Амрико доданд.
XS
SM
MD
LG