Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Амрико ба инсонҳо аз рӯи ҷинс баҳо намедиҳад"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, шомил кардани се варзишгари ҳамҷинсгаро ба ҳайъати расмӣ барои ширкат дар расми ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия баёнгари он аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида ба инсонҳо аз рӯи ҷинс баҳо намедиҳанд. Шомил кардани ҳамҷинсгароён ба ин ҳайатро, посухи Амрико ба иқдоми Русия медонанд, ки бо қабули қонуне, тарғиби ҳамҷинсгароиро дар кишвар мамнӯъ кард. Қонуни мазкурро табъиз алайҳи ҳамҷинсгароён дар Русия медонанд. Кохи Сафед мегӯяд, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ дар Сочи ширкат нахоҳад кард. Ба ин ҳайат варзишгарони ҳамҷинсгаро Билли Ҷин Кинг, теннисбози маъруф, Брайан Бойтано, қаҳрамони мусобиқоти рақси рӯи ях ва Кейтлин Каҳу, хоккейбози маъруфи амрикоӣ шомил шудаанд. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи моҳи феврал оғоз мешаванд.
XS
SM
MD
LG