Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз афви Ходорковский истиқбол кард


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико аз авф ва раҳо кардани Михайил Ходорковский, раиси собиқи ширкати нафтии Юкос истиқбол кардааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа Ходорковскийро бо “далоили инсондӯстона” авф кард ва ӯ ҳамон рӯз ба Олмон рафт. Михаил Ходорковскийи 50-соларо, ки як замон сарватмандтарин шахси Русия буд, бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум карданд ва баъди адои 10 соли зиндон авф шуд. Ҷон Керри дар як баёнияи катбӣ гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида пайваста аз “таъқиботи интихобӣ” аз ҷумла таъқиби Михайил Ходорковский ва шарики тиҷоратии Платон Лебедев, ки ҳанӯз дар зиндон аст, изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин баёнияи аз Русия даъват шудааст, ки низоми додгоҳиашро ислоҳ кунад.
XS
SM
MD
LG