Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудуди 70 дарсади бемориҳои нав дар даҳсолаи охир, аз ҳайвонҳо ба инсонҳо гузаштаанд.

Ин баёния дар гӯши мо мисли ҳукм садо медиҳад ва моро маҷбур мекунад ба хотир биёрем, ки ин субҳ чӣ хӯрда будем. Яъне ширу қаймоқ ва гӯшту панир, ки мо ҳамарӯза ҳамчун ғизои барои ҷисми инсон зарурӣ истеъмол мекунем, дар баробари чандин витамини фоидаовар якчанд микроби зарароварро ба ҷисми мо ворид мекунанд.

Ин воқеият ки ғамхории инсонҳо аз ҳайвонҳо, махсусан чорво дар 20 соли ахир дар Тоҷикистон шадидан пойин рафта инсофи ширу гӯштфурӯшҳо, ки баъзан гӯшти заҳролуд ва шири гови маризро ба фурӯш мебароранд аз он поёнтар рафтааст, барои касе рози пинҳон нест. Ҳоло аксари соҳибони гову мол бо баҳонаи гарон будани нархи воксинаи барои мол, аз он сарфи назар мекунанд, аммо маҳсулоти гӯшту шириро бидуни истиҳола ба бозор мебароранд.

Муродалӣ Шарипов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии зиддӣ эпизеоотии хадамоти назоратӣ давлатии Вазорати кишоварзӣ дар сӯҳбат бо “Озодӣ” аз ҳодисае ёдовар шуд, ки соли гузашта дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд рух дода буд. Як сокини ин минтақа, дидаву дониста чорвои касали худро сар зад ва гӯшти онро ба хешу табор тақсим кард. Дар натиҷа ҳамаи онҳое, ки аз гӯшти гови бемор истифода карда буданд, ба бемории буғумдард гирифтор шуданд.
Бо ин ҳол чизе, ки аз инсонҳо талаб мешавад, эҳтиёткорӣ ва риояи машварати мутахассисон аст.

Кароматулло Ҳамроев, ҳамоҳангсози лоиҳаи озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, тарҳеро барои ҷилавгирӣ аз бемории буғумдард ё бруселёз дар минтақаи Рашт амалӣ карданд. Ҷаноби Ҳамроев мегӯяд, онҳо аз роҳи эмгузаронӣ ба чорво, тавонистанд сатҳи бемории буғумдардро якчанд маротиба коҳиш диҳанд: «Ин лоиҳа танҳо аз эмгузаронӣ иборат набуда, балки тариқи барномаи махсус ба одамон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки чӣ гуна худ ва чорвои худро аз бемориҳо эмин доранд. Ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз дигар бемориҳои сарҳадгузар ҳам корҳои зиёде анҷом шудааст. Аз ин лиҳоз вазъ дар Тоҷикистон хуб аст.»

Ҳамчунин ҷаноби Ҳамроев мегӯяд, барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо Ташкилоти озуқа ва кишоварии СММ дар ҳар минтақаи Тоҷикистон бунгоҳҳои ветеринарӣ ташкил кардааст. Муродалӣ Шарипов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии зиддӣ эпизеоотии хадамоти назоратӣ давлатии Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, барои пешгирӣ аз бемориҳои сӯхтанӣ, сил, буғумдард ва маризиҳои дигар, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, воксинзании чорворо ба роҳ мондаанд ва барои ҷилавгирӣ аз густариши ин гуна бемориҳо дар байни аҳолӣ аҳолӣ, фурӯши ширро дар зарфҳои пластикӣ ва ё «баклажка»-ҳо манъ кардаанд.

Аксари сокинони биноҳои баландошёна аз маҳсулоти ширфурӯшони маҳаллаҳои атроф истифода мекунанд ва гумон аст, ки сифати ин маҳсулот қабл аз фурӯш аз санҷиш гузарад. Ҳамин тавр гӯштфурӯшҳо қабл аз куштани чорво онро аз марказҳои байторӣ намегузаронанд.

Дар ҳоле, ки масъули Маркази ҷумҳуриявии зиддӣ эпизеоотӣ дар мавриди воксинзании сартосарии ҳайвонҳо сӯҳбат мекунад, Сабоҳат Аҳмадбекова сармутахассиси Раёсати бемориҳои хавфноки Хадамоти назорати давлатии эпидемиологӣ мегӯяд, ки маъракаи эмгузаронӣ ба таври фарогир сурат намегирад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки ниҳодҳои масъул воксинзаниро дар фермаҳои давлатӣ анҷом медиҳанд, чорвоҳои хонагӣ аз назорати онҳо дур мемонад ва гӯшту шири олуда ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳоло 900 нафар расман ҳамчун бемори гирифтори маризии буғумдард сабт шудаанд ва маълум нест, ки чӣ теъдоди дигар аз дарди устухон азият мекашанд, вале пай намебаранд, ки эҳтимол аз як пора гӯшт ва ё як пиёла шири олуда мариз шудаанд.

Ин аст, ки хонум Аҳмадбекова мегӯяд, то даме, ки воксинкунӣ миёни ҳама ҳайвонҳо гузаронида нашаванд, одамонро аз ин бемориҳо эмин нигоҳ доштан душвор аст. Зимнан дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1 бемории сӯхтанӣ ва 784 ҳолати бемории бӯғӯмдард сабт шудааст. Онҳое, ки барои солҳо ба бемории дарди устухон гирфтор шудаанд, акнун ба гӯшту шир бо шубҳа менигаранд, аммо онҳое, ки то ҳол эмин мондаанд, гӯштро аз дӯкони бозор ва ширро аз холаи ширфурӯш харидорӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG