Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума муҳоҷиронро барои супурдани имтиҳон муваззаф кард


Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъа қонунеро пазируфт, ки бар пояи он шурӯъ аз якуми январи соли 2015 ҳама хориҷиёни довталаби кор ё зиндагии муваққат дар кишвар бояд аз таърихи Русия ҳатман имтиҳон супоранд.

Барои собит кардани дониши худ шаҳрванди хориҷӣ бояд сертификати супурдани имтиҳон ё санади маълумоти миёна ё олӣ дар қаламравии Шӯравии собиқро, ки то рӯзи 1 сентяри соли 1991 дода шудааст, пешниҳод кунад. Сертификат тайи панҷ сол эътибор дорад.

Мутахассисони баландихтисос, маъюбон то 18 сола ва афроди аз 60-сола боло, ҳамчунин афроде, ки аз рӯи барномаи муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанҳо ба Русия омадаанд, аз супурдани имтиҳони ҳатмӣ озоданд.

Татбиқи қонун аз якуми январи соли 2015 шурӯъ мешавад. Муҳоҷироне, ки аллакай то ин рӯз иҷозаи кор ё ҳаққи иқомат доранд, ҳангоми тамдиди мӯҳлати иқомат ё иҷозаи кор бояд сертификат ё номаи камолу дипломи замони шӯравии худро пешниҳод кунанд.

Ҳоло бар пояи қонуне, ки аз тирамоҳи соли 2012 татбиқ мешавад, фақат муҳоҷироне, ки дар бахшҳои коммуналӣ, тиҷорат ва хадамоти иҷтимоӣ кор мекунанд, бояд ҳатман аз фанни таърихи Русия имтиҳон супоранд.
XS
SM
MD
LG