Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Ходорковский вориди Берлин шуд


Ходорковский дар Берлин
Ходорковский дар Берлин
Михаил Ходорковский, раҳбари пешини ширкати нафтии “ЮКОС”, шоми ҷумъа вориди Берлин шуд. Ба иттилои хабаргузории олмонии ДПА, тоҷир Улрих Беттерман ҳавопаймоии шахсии худро дар ихтиёри Ходорковский гузошт.

Ходорковский нимаи аввали рӯзи ҷумъа маҳбасро тарк намуд. Дар ин бора вакили дифои ӯ Вадим Клювгант хабар дод.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа дархости авфи Михаил Ходорковскийро имзо кард.

Мӯҳлати ҳабси Михаил Ходорковский рӯзи 23 августи соли оянда поён меёфт.

Моҳи декабри соли 2010 додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав раҳбарони пешини ЮКОС Михаил Ходоркоский ва Платон Лебедевро дар дуздии нафт айбдор ва онҳоро ба 14 солии маҳбас маҳкум кард. Баъдан додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабсро то 11 сол коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG