Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барои бозии плей-офф дар Ҷоми АФК-2014 бо тими «Ал-Ярмук Ал-Равда»-и Яман варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро интихоб кард.

Сухангӯи бошгоҳи «Равшан» Ҷовидон Бобоев ба радиои Озодӣ гуфт, «рӯзҳои наздиктарин комиссияи Конфедератсияи футболи Осиё бояд ба Тоҷикистон омада, омодагии варзишгоҳи «Пахтакор»-ро ба бозии интихобӣ миёни тимҳои «Равшан» ва «Ал-Ярмук Ал-Равда», ки 2-юми феврал баргузор мешавад, бисанҷад. Агар варзишгоҳи «Пахтакор» барои гузаронидани бозии мусобиқоти байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, ин бозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Варианти дувум ин варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мебошад, ки бозиҳои «Равшан» дар Ҷоми АФК-2013 имсол дар он ҷо баргузор шуда буданд.»

Дар мавриди ба давраи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд.

Давраи гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал оғоз меёбад. Ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад. Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал-Ярмук Ал-Равда», дар плей-офф 2-юми феврал «Шабоб Ал-Таҳрӣ»-и Яман дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш - рақобат мекунад.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014:

Минтақаи «Ғарб»
Гурӯҳи «А»: «Сувайк» ё «Саҳам» (Умон), «Зат Рас» (Урдун), «Сафо» (Лубнон), ғолиби бозии плей-офф «Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман).
Гурӯҳи «В»: КВ «Кувайт» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), «Неҷмеҳ» (Лубнон).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Ҳидд» ё «Манама» (Баҳрайн), «Ал-Қадсия» ё «Ал-Наср» (Кувайт), «Ал-Шорта» ё «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Ваҳда» (Сурия).
Гурӯҳи «D»: «Шабоб Ал-Урдун» ё «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Риффа» (Баҳрайн), ғолиби бозии плей-офф «Шабоб Ал-Таҳрӣ»(Яман) – «Олой» (Қирғизистон), «Эрбил» (Ироқ).

Минтақаи «Шарқ»
Гурӯҳи «Е»: «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия), «Хоум Юнайтед» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Черчил Бразерс» (Ҳиндустон).
Гурӯҳи «F»: «ТТ Хайно» ё «СХБ Дананг» (Вйетнам), «Арема Индонезия» (Индонезия), «Селангор» (Малайзия), «Мазия СР»(Молдив).
Гурӯҳи «G»: «Янгон Юнайтед» (Мянмар), «Виссаи Нинбин» (Вйетнам),«Саут Чайна» (Ҳонконг), «Келантан» (Малайзия).
Гурӯҳи «H»: «Тампинес Роверс» ё «Балестиер Халса» (Сингапур), «Най Пий Тав» (Мянмар), «Пуне» ё «Ист Бенгал» (Ҳиндустон), «Китчӣ» (Ҳонконг).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:

Даври 1-ум
25-юми феврал (сешанбе)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)
Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман) - «Сафо»(Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Ба иттилои Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми АФК-2014 рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Кӯлоб шурӯъ мекунад. Ҷамъомади дувуми таълимиву тамринии даста низ дар Кӯлоб, марҳилаи севум ва охирин дар Туркия дар назар аст.
Сухангӯи бошгоҳи «Равшан», инчунин, иттилоъ дод, ки даста ҳайати худро бо бозигарони нав, ба мисли нимҳимоятгари «Истаравшан»-и Истаравшан Илҳом Баротов, ҳамлагари «Энергетик»-и Душанбе Патрик Адо, легионер аз Гана, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов пурқувват карданист. Бояд гуфт, ки бошгоҳи «Равшан» дархости бозигаронро ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2014 муқобили «Ал-Ярмук Ал-Равда» метавонад танҳо то 2-юми январ пешниҳод намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG