Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони мухолифини Украина бозҷӯӣ мешаванд


Раҳбари ҷиноҳи ҳизби “Баткившина” Арсений Ятсенюк, муовини аввали раиси ҳизб Александр Турчинов, раҳбари ҷиноҳи ҳизби “Свобода” Олег Тягнибок ва боз ҳашт тан аз фаъолони мухолифин аз рӯи парвандаи талоши ғайриқонунии забти қудрат дар Украина мавриди бозҷӯӣ қарор мегиранд. Дар ин бора Ятсенюк ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.

Рӯзи ҷумъа гурӯҳи зудамали “Беркут” ҳама роҳҳо ба майдони Истиқлоли шаҳри Киевро, ки он ҷо ҳамоиши бидуни мӯҳлати ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо идоа дорад, баст. Ба иттилои хабаргузории УНИАН, шаш автобус бо кормандони милиса роҳро аз ҷониби хиёбони Аврупоӣ маҳкам кард.

Қарор аст дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Брюссел идома дорад, авзоъ дар Украина баъди сарпечии Киев аз имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шавад.

Намоишҳои эътирозӣ дар Украина баъд аз он оммавӣ шуданд, ки рӯзи 21 ноябр ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт.
XS
SM
MD
LG