Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон бо Оғохони IV


Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони IV бо сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов мулоқот кардааст. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот рӯзи 18-ум декабр дар шаҳри Исломобод сурат гирифта ва намояндаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо пешвои ислоилиёни ҷаҳон масъалаи татбиқи лоиҳаҳо дар бахши нақлиёт ва энержиро баррасӣ кардааст. Бунёди Оғохон аз чандин сол ба ин тараф дар Тоҷикистон, ба вижа дар вилояти Бадахшон тарҳҳоеро рӯ даст гирифтааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои хурд ва пулҳо бар фарози дарёи Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайванданд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. То кунун бо маблағгузории Бунёди Оғохон панҷ пул бунёд шуда, ки чаҳор тои он ба истифода дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG