Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин мегӯяд, мухолифи ҳаҷҷи афроди бемор аст


Кумитаи дини Тоҷикистон мехоҳад, пизишкон ва Вазорати тандурустӣ ба масъалаи ташхиси саломатии шаҳрвандоне, ки азми ҳаҷ мекунанд, бархӯрди ҷиддӣ ва ҳамаҷониба нишон диҳанд. Мавлон Мухторов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон 20 декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт бо назардошти ин ки дар маросими ҳаҷҷи имсола се шаҳрванди кишвар бар асари бемории қалб фавтидаанд, аз пизишкон тақозо мекунанд, ки ташхиси саломатии зоиронро қабл аз сафар ба гунаи комил ва дақиқ анҷом диҳанд. Вай афзуд, Кумитаи дин бар ин аст, ки гирифторони бемориҳои сахт ва давомдор бояд танҳо бо кафолати пизишке, ки ба ӯ маълумотномаи тиббӣ медиҳад, ба сафари ҳаҷ раванд. Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи бархе аз зоирон, маълумотномаҳои тиббии онҳо аксаран дар ивази ришва гирифта мешаванд ва баёнгари вазъи дақиқи саломатии онҳо нестанд. Илова ба ин зоиронро дар тамоми тули сафар 16 пизишк ҳамроҳӣ мекунанд. Соли равон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯзҳои адои яке аз фарзҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ ҷон додаанд. Аз ҷумла сокини деҳаи Ойбоши ноҳияи Ҳисор Садбарг Асоеваи 49- сола, сокин ноҳияи Синои пойтахт Талбак Одинаеви 73-сола, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Мастчоҳ Абдували Қулматови 71-сола ва сокини деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон Акаҷон Ашӯрови 74-сола дар қабристони «Шароеъ»-и шаҳри Макка дафн шудаанд. Аз ин чаҳор танҳо яке аз онҳо бар асари садамаи автомобилӣ ҷон дода се тани дигар бар асари бемории қалб даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG