Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эштон аз Минск хостори мораторий барои ҳукми қатл шуд


Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, аз мақомоти Белорус даъват кард, ки барои ҳукми эъдом мораторий эълон кунанд. Дар изҳороти ахираш ӯ аз ҳукми додгоҳи Минск алайҳи Эдуард Луков, ки рӯзи сешанбе барои куштори панҷ кас ба эъдом маҳкум содир шуд, изҳори таассуф кардааст. Хонум Эштон умед аст, ки Луков аз ҳаққаш барои бознигарӣ шудани ҳукм истифода мебарад.

Белорус ягона кишвари аврупоист, ки ҳукми қатл боқӣ мондааст. Соли гузашта дар ин кишвар се ҳукми эъдом иҷро шуд.
XS
SM
MD
LG