Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи 44 кг маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе


Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа хабар дод, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 17-уми декабри рузи сешанбеи ҳафтаи равон сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Муҳриддин Насриддиновро дар пойтахт боздошт кардаанд, ки дар борхалтааш беш аз 22 кг «ҳероин», ҳудуди 13 «афюн» ва беш аз 8 кило «ҳашиш», доштааст.

Гуруҳи зудамали РВКД аз ин сокини ноҳияи марзии Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷамъан ҳудуди 44 кило маводи мухаддир дарёфт намуда мусодира кардаанд

Феълан барои тафтиши ҳамаҷонибаи ин ҳодиса Муҳриддин Насриддинов бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноӣ, яъне қочоқи маводи мухаддир бо ҳаҷми махсусан калон айбдор дониста шудаст
XS
SM
MD
LG