Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин фармони афви Ходорковскийро содир кард


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дархости авфи Михаил Ходорковскийро имзо кард. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия бо такя ба Кремл иттилоъ доданд.

Нашрияи “Коммерсант” чопи Маскав, рӯзи ҷумъа навишт, ки Михаил Ходорковский, раҳбари пешини ширкати нафтии “ЮКОС” баъд аз сӯҳбат бо кормандони хадамоти амниятии Русия аз раисиҷумҳур Путин хостори афв шудааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳангоми мулоқот бо маҳбус дар маҳбаси воқеъ дар Карелия, ба Ходорковский дар бораи бад шудани вазъи сиҳати модараш ва парвандаи нав алайҳи ЮКОС хабар доданд.

Мӯҳлати ҳабси Михаил Ходорковский рӯзи 23 августи соли оянда поён меёфт. Акнун, баъд аз имзои Путин, раҳбари пешини “ЮКОС” метавонад ба зудӣ маҳбасро тарк кунад.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки амри афви Ходорковскийро содир мекунад ва барои идомаи тафтиши “парвандаи сеюми ЮКОС” ниёзе нест.

Моҳи декабри соли 2010 додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав раҳбарони пешини ЮКОС Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро дар дуздии нафт айбдор ва онҳоро ба 14 солии маҳбас маҳкум кард. Баъдан додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабсро то 11 сол коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG