Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе семинари минтақавии УЕФА доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли оянда дар Душанбе семинари минтақавии УЕФА(Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) оид ба мудирият ва менеҷмент баргузор мешавад.

Ба иттилои Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар семинар мутахассисон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон иштирок хоҳанд кард. Ба Душанбе, инчунин, коршиносони Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо бо сарварии раҳбари бахши УЕФА оид ба рушди созмонҳои миллӣ Паскал Торрес меоянд.

«Мавзӯъҳои асосии семинар ин мудирият ва менеҷменти Федератсия: қоидаҳои бозиҳои байналмилалӣ, фаъолияти Федератсия; тақвими байналмилалии бозиҳо ва бақайдгирии бозигарон мебошад», - иброз дошт Ислом Маҳмадшоев.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2012 ҳайати вакилони Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо бо раҳбарии раиси УЕФА Мишел Платинӣ ба Душанбе омада буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси УЕФА-ро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот ҳолати кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.

Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт. Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платинӣ ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.

Инчунин дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”, нишасти матбуотӣ бо ширкати Мишел Платинӣ ва ҳамроҳонаш баргузор шуд. Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози ин нишаст гуфт, “хеле хушнудам, ки Шумо, ҷаноби Платинӣ, ба кишвари мо ташриф овардед ва умедворам, ин сафари Шумо ба Тоҷикистон охирин нахоҳад буд.”

Мишел Платинӣ аз номи худ ва ҳамроҳонаш ба мизбонон барои пазироии хуш изҳори сипос карда, гуфт, “барои аввалин бор ба Тоҷикистон омадам ва ин бароям ифтихори бузург аст. Мақсади сафари мо посух ба даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Инчунин мехоҳем бифаҳмем, ки УЕФА чӣ гуна метавонад ба рушди футболи тоҷик кӯмак кунад. Албатта, мо наметавонем ҳама чизро иҷро кунем, вале мекӯшем, ки дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба футболи тоҷик кӯмак намоем. Ин сафари мо сафари дӯстист ва кӯмак кардан ба футболи тоҷик мебошад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG