Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Янукович аз созишномаҳо бо Русия ҳимоят кард


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, аз имзои қарордодҳои молӣ бо Русия ҳимоят кард ва гуфт, ки ин санадҳо ба ҳамгироии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо мухолифат намекунад. Ӯ ҳамзамон раҳбарони мухолифони давлат дар Украинро танқид кард, ки бо амалкардҳои «инқилобӣ» даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба тазоҳурот ба хиёбонҳо кашиданд. Ӯ аз мухолифон хост, барои расидан ба ҳадафҳояшон то интихобот мунтазир шаванд. Виктор Янукович афзуд, агар маҳбубияташ дар Украина поин омада бошад, дар интихоботи соли 2015 ширкат нахоҳад кард. Русия ин ҳафта ба Украина 15 миллиар доллар қарз пешниҳод кард ва қимати гази содиротияшро барои он кишвар тақрибан 30 дар сад коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG