Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мегӯяд, шояд Ходорковскийро авф мекунад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ният дорад, Михайил Ходорковский, сарватманди собиқ ва аз мунтақидони ҳукумати кишварашро афв кунад. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабариаш гуфт, Ходорковский 10 соли умрашро дар зиндон гузаронд ва ин ҷазои ҷиддӣ аст ва «ман фикр мекунам, бояд қароре қабул кард.» Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ки Михайил Ходорковский чанде пеш тақозо кардааст, ки ӯро авф кунанд, то битавонад, дар ҳаққи модари бемораш ғамхорӣ кунад. Аммо вакилони дифоъи Михайил Ходорковский гуфтаанд, ки ӯ махсус аз Владимир Путин дархости авф накардааст, зеро ин баробар ба эътирофи гуноҳ мешуд. Раиси собиқи ширкати нафтии Юкос мегӯяд, ҳеҷ гуноҳе надорад. Ӯро соли 2003 боздошт ва сипас ба дуздӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва тақаллуби молӣ гунаҳкор карданд.
XS
SM
MD
LG