Пайвандҳои дастрасӣ

Путин масъалаи мушакҳои "Искандар"-ро шарҳ дод


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, кишвараш ҳанӯз дар бораи истиқрори мушакҳои пешрафтаи Искандар дар вилояти Калининград тасмим нагирифтааст. Ӯ афзуд, ки истиқрори ин мушакҳои дорои кулоҳакҳои атомӣ яке аз гузинаҳои Русия дар посух барномаи Амрико аст, ки мехоҳад, сипари мушаки дифоъиашро дар Аврупо ҷойгир кунад. Владимир Путин гуфт, масъалаи мушакҳои Искандар “чизи наве” нест ва як “посухи мантиқист”. Раиси ҷумҳури Русия дар ин бора зимни нишасти хабарии солонааш дар Маскав сухан гуфт. Рӯзи душанбе Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз гузоришҳо дар бораи ҷойгир кардани мушакҳои Искандар дар ҷазирақаламрави Калининград дар марз бо Лаҳистону Литва изҳори нигаронӣ кард. Маскав дер боз мегуфт, ки дар сурати истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар қаламрави Аврупо мушакҳояшро дар Калининград ҷойгир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG