Пайвандҳои дастрасӣ

Дар амалиёт дар Покистон 32 нафар кушта шуданд


Дар як амалиёти нерӯҳои амниятии Покистон дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ 32 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар ҳамлае ба меҳмонсарои ноҳияи Миралӣ тақрибан 25 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомот, амалиёт барои мавҳи тундравони исломӣ дар ин минтақа сурат мегирад. Ҷанг ба зидди тундравон дар ин минтақа баъди он шурӯъ шуд, ки як маргталаб рӯзи чаҳоршанбе чаҳор сарбозро дар қароргоҳи артиши Покистон дар ноҳияи Миралӣ кушт. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Ансор-ул-Муҷоҳиддин як шарики Толибони Покистон бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG