Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин гуфт, ба Украина бародарвор кӯмак кардааст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, кишвараш мухолифи ҳамкории наздики Украина бо Иттиҳодияи Аврупо нест, аммо маҷбур буд, ки ба ҳайси “кишвари бародар” ба Киев кӯмаки молӣ кунад. Дар нишасти солонаи хабарии худ дар Маскав, Владимир Путин гуфт, қарордодҳои молӣ дар рӯзи сешанбе “бо назардошти манофеъи мардуми Украина” имзо шуд ва ҳеҷ иртиботе бо аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо надорад, ки Украина мехоҳад, онро имзо кунад. Русия ба Украина 15 миллиард доллар қарз пешниҳод кард ва қимати гази содиротиаш ба Украинаро аз 400 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб, то 280 доллар поин овард. Нишасти хабарии Владимир Путин, ки бо ҳузури 1000 хабарнигори хориҷиву дохилӣ сурат мегирад, идома дорад.
XS
SM
MD
LG