Пайвандҳои дастрасӣ

СММ Эронро барои нақзи ҳуқуқ интиқод кард


Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае давлати Эронро барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои шиканҷаи муттаҳамон ва истифодаи зуд-зуди ҳукми қатл танқид кард. Айни замон дар ин қатънома аз ваъдаҳои Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури нави Эрон, истиқбол шудааст, ки аҳд дод, табъиз алайҳи занону аққалиятҳои миллӣ дар кишварро аз байн мебарад. Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ҳамчунин Эронро интиқод кардааст, ки аз ҷазоҳои “ғайриинсонӣ” ба мисли шаллоқ задан ва ё буридани дасту пой даст накашидааст ва наврасони то 18-соларо ҳам ба марг маҳкум мекунад. Намояндагони Эрон дар ин ҷаласа гуфтаанд, ки қатънома воқеъияти ҳолро дар кишвар инъикос намекунад ва натиҷаи баръакс хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG