Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама ҳам ба Сочӣ намеравад


Ҳукумати Амрико мегӯяд, ирсоли ҳайъати расмӣ ба маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ ба Сочи ҳеҷ паёми пинҳоние ба Русия надорад. Дар ҳайъати Амрико, аз ҷумла Билли Ҷин Кинг, теннисбози собиқ ва маъруфи ҳамҷинсгаро ва як варзишгари ҳамҷингарои дигар шомиланд. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ирсоли чунин ҳайат баёнгари гуногунии мардум ва андеша дар Иёлоти Муттаҳида аст, на паёме дар робита ба бархӯрди Русия бо ҳамҷинсгароён. Дар ҳайъати расмии Амрико, раиси ҷумҳур, муовини ӯ ва ё ҳамсари раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шомил нестанд, коре аз соли 2000 то кунун Амрико накарда буд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои кишвараш, барои бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ сармояи зиёде гузоштааст. Аммо ҳукумати Русия барои нақзи ҳуқуқ ва ҳамчунин манъи “тарғиботи” ҳамҷинсгароӣ, таҳти танқиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт. Ба ғайр аз Барак Обама, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, низ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ дар Сочи ширкат намекунанд, ки моҳи феврал оғоз мешаванд.
XS
SM
MD
LG