Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиву ҳашт дарсади аҳолии Тоҷикистон фақир ҳастанд ва дар рӯз бо пули каме бештар аз 2 доллари амрикоӣ ё 12 сомонӣ, зиндагӣ мекунанд.

Бо 12 сомонӣ чиро мешавад дар бозорҳои кишвар харидорӣ кард? Шаш нони бозорӣ. Нафаре, ки дар ҷайб 12 сомонӣ дорад дар бозор низ интихоби зиёд надорад ва маъмулан аз сари роҳ 6 нон харидорӣ мекунад ва онро бо чой мехӯрад.

Қаҳрамони мо холаи Мағфират дар ҷайб пули аз ин ҳам камтар, 8 сомонӣ дорад. Ӯ 75-сола буда ҳаққи бознишастагиаш наздик ба 200 сомонӣ аст. Холаи Мағфират сафари худро дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт аз растаи макаронҳо, моли арзонтарини бозор оғоз кард, аммо чизе нахарида ба растаи дигар гузашт. Ӯ бо ҳавас аз паҳлӯи растаҳои анвои ғизоӣ гузашт ва дар ниҳояти амр ду бандча кабудӣ ва як дона лимӯ харид ва аз бозор берун шуд.

Ӯ аслан мехост чакка бихарад аммо онро ҳам гирифта натавонист: «Пештар 150 сомонӣ нафақа мегирифтам, ҳоло дусад сомонӣ. Магар бо дусад сомонӣ зиндагӣ карда мешавад? Мегуфтанд, ки агар кас 75-сола шавад, давлат ёрдам мекунад. Аммо касе ба ман ёрдам намекунад. Кӣ ёрдам мекунад? Ман одами танҳо ҳастам, ягон хешу табор надорам. Як фарзанди бемор дорам, ки ҳоло ӯро мошин зад ва дигар бо пои дар гипс дар хона хоб аст».

Холаи Махфират мегӯяд, қаблан дар коргоҳи дӯзандагии «Чевар» фаъолият мекард, аммо ҳоло пир шудаву дигар нерӯи кор кардан ҳам надорад. Ӯ гуфт, кӯшиш мекунад, ба нафақаи ночизаш маводи аввалияи рӯзгорро харидорӣ кунад, зеро ягон манбаи дигари даромад надорад.

Дар бозори "Шоҳмансур" на ҳама сарватманд ҳастанд ва аксаран, ки дар ҳавои сард меваву сабзавот ва маҳсулоти дигар мефрӯшанд, мегӯянд, ки бозорнишинӣ чархи зиндагии онҳоро ба зӯр мегардонад. Назокат, як фурӯшандаи дигари ин бозор, ки шояд ҳам ба рӯйхати бебизоатҳои кишвар дохил аст, субҳи барвақт аз хонаи носфурӯше ба гуфтаи худаш «оптом» нос мехарад ва аз сари халта нос як-ду дирам фоида ба даст меорад. Аммо ӯ мегӯяд, шояд теъдоди носкашҳо кам шудаанд, ки ӯ бисёр вақт дар як рӯз як кило носро ҳам фурӯхта наметавонад. Баъдан милисаҳо низ пайваста ӯро таъқиб ва бозорашро касод мекунанд.

Назокат 47-сола аст ва баъди аз ҳам пошидани издивоҷ бо ҳамсараш, аз ноҳияи Панҷ ба Душанбе кӯчида омад ва ҳоло ҳамроҳи чор фарзандаш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳар моҳе ҳудуди 500 сомонӣ иҷорапулӣ месупорад. Ба ибораи дигар, фоидаи боқӣ монда аз фурӯши нос дар пардохти пули иҷора сарф мешавад: «Як моҳ шуд дар хонаам на равған дорам, на картошка. Ба пуле, ки савдо мекунам, танҳо нон мехарам ва бачаҳоям ба ҷуз нону чой ғизои дигаре барои хӯрдан надоранд», - мегӯяд ӯ.

Назокат мегӯяд, ҳарчанд бо ҳавас фарзанд ба дунё овардааст, аммо аз камбизоатӣ ду духтарашро бе ягон ҷиҳоз ба шавҳар додааст: «Ҳатто як ҷӯроб харида натавонистам. Аммо падари бачаҳое, ки духтарамро писандиданд розӣ шуд, ки бидуни молу коло духтарони маро ба арӯсӣ қабул кунад».

Сарнавишти ин ду бону ба зиндагии 38 дарсади аҳолӣ монанд аст, ки як хате бо номи фақр онҳоро аз қишрҳои миёна ва сарватманди ҷомеа ҷудо кардааст. Ду соли пеш вазъи мардум аз ин ҳам бадтар буд ва 52 дарсади аҳолӣ дар таги хати фақр саф кашида буданд. Ҳоло мегӯянд, ки ин рақам ба 38 дар сад расидааст. Иқтисоддонҳои мустақил сатҳи бебизоатӣ дар кишварро болотар аз ин медонанд ва мегӯянд меъёри хати фақр бояд дигар шавад.




Дар як сӯҳбат аз Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пурсидам, ки оё меъёри муаяйн кардани шахси фақир чигуна аст. Оқои Давлатзода гуфт, омори сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳисоб ва муайян шуда, мизони он дақиқ аст: «Сатҳи камбизоатӣ дар аввали солӣ ҷорӣ мувофиқи ҳисобҳо 38, 3 дарсадро ташкил мекунад. Ба ин табақаи аҳолӣ он нафароне дохил мешаванд, ки даромадашон ба ҳар аъзои оила дар як рӯз аз 2 доллару 15 сенти амрикоӣ камтар аст.»

Аммо масъулини вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мизони фақре, ки Бонки Ҷаҳонӣ муайян кардааст, чанд меъёрҳои худро дар муайян кардани қишри камбизоати аҳолӣ дорад ва дар асоси он ба мардуми камбизоат ҷубронпулӣ ва кӯмакҳои молию иҷтимоӣ пардохта мешавад.
Набиҷон Ҷӯраев, мудири шӯъбаи кафолатҳои иҷтимоии ин вазорат гуфт, «агар даромади умумии оила ба ҳар як аъзои оила аз музди меҳнати ҳадди аққал умумӣ кам ва ё ба он баробар бошад, ба ӯ дар пардохтани пули барқу газ ҷубронпулӣ пардохта хоҳад шуд».

Ба гуфтаи Набиҷон Ҷӯраев, дар зимистон барои пардохтани то 250 киловат ва дар тобистон то 150 киловат барқ ҷубронпулӣ дода мешавад ва ҳоло дар ин феҳраст 140 ҳазор нафари камбизоат номнавис шудаанд. Ин масъули вазорат мегӯяд, ҳоло қарори ҳукумат дар мавриди муайян кардани сабади истеъмолии ҳар як сокини кишвар барои як моҳ омода мешавад. Ин дар ҳолест, ки то имрӯз муҳаққиқони тоҷик мегуфтанд, барои пур кардани сабади истеъмолӣ, дар як моҳ бояд ҳар сокини Тоҷикистон бештар аз 900 сомонӣ даромад дошта бошад ва ҳар касе, ки даромади аз ин камтар дорад, камбизоат ҳисоб мешавад.

Ба назар мерасад, ки ҳам мақомоти кишвар ва ҳам бархе аз шаҳрвандон аз сифати «қашшоқтарин кишвари собиқ Шӯравӣ», ки ба номи Тоҷикистон сахт часпидааст, нороҳат мешаванд. Ҳукумат ин сифатро дӯст намедорад, бархе аз шаҳрвандон ҳам бо ишора ба кӯҳу камар ва обу дара мегӯянд, ки Тоҷикистон кишвари бой аст, танҳо маъмурият нодуруст мебошад. Аз сӯи дигар, агар сад бор ҳам Тоҷикистонро кишвари бой бигӯед, аз ин 8 сомонии дар ҷайби холаи Мағфират буда 800 сомонӣ намешавад. Ҳоло ягона роҳи воқеӣ, ки 52 дарсади бебизоатро то 32 дар сад фаровардааст пули муҳоҷирони корӣ аст, ки баъзе солҳо то 3 миллиард долларро фаро мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи Стратегияи боло бурдани сатҳи беҳдошти аҳоли то соли 2015-ро қабул кардааст, ки мувофиқи он сатҳи камбизоатӣ бояд 32 дарсад коҳиш ва дарсади синфи миёна то ба 30 фоиз афзоиш ёбад. Аммо коршиносон мегӯянд, барномаҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон бештар бар пояи кӯмаку ёриҳои байналмилалӣ ва афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон асос ёфтааст, ки чандон устувор нест ва иҷрои он воқеӣ ба назар намерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG